Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии аудиторӣ-машваратии KPMG 18 майи соли 2026 барои намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар мавзуи «Муқовимат ба ҷиноятҳои қаллобӣ (anti-fraud) ва таҷрибаи комлаенс дар самти танзими таҳримҳо» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба риояи талаботи таҳримӣ, арзёбии хавфҳои таҳримӣ ва ташкили расмиёти дохилии назорат дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ равона гардид. Иштирокдорон масъалаҳои риояи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин тавсияҳоеро, ки ба таҷрибаи байналмилалӣ асос ёфтаанд баррасӣ намуданд.
Иштирокдорон аҳаммияти ҳамкории самараноки хадамоти назорати дохилӣ (комплаенс), аз ҷумла низоми идоракунии хавфҳо ва хадамоти аудити дохилиро дар доираи модели «се хатти ҳимоя» муҳокима намуданд. Қайд гардид, ки чунин модел дар ошкорсозии саривақтӣ, арзёбӣ ва коҳиш додани хавфҳои таҳримӣ ва дигар хавфҳои комплаенс, инчунин дар таъмини риояи талаботи танзимӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ нақши муҳим мебозад.
Таъкид карда шуд, ки рушди комплаенси таҳримӣ унсури муҳимми таҳкими устувории бахши молиявӣ, коҳиш додани хавфҳои риоя накардани чораҳои маҳдудкунандаи байналмилалӣ, бахусус ҳифзи нуфузу обрӯи ташкилотҳои молиявӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Баргузории семинари омӯзишӣ дар қатори дигар чорабиниҳои омӯзишӣ ба тақвияти иқтидори касбии иштирокдорони бозори молиявӣ ва татбиқи минбаъдаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳаи комплаенс мусоидат менамояд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 0
18.05.2026