Ахбор

Ташрифи ҳайати БАТР ба Бонки миллии Тоҷикистон


25 майи соли 2026 мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби Президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, директори идоракунандаи БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҳусейн Озхан, роҳбари БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини директор, бонкдори калон оид ба институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ, Қавқоз ва Туркия Азамат Ибрагимов, директор оид ба рушди бозорҳои сармоя ва бозорҳои молиявӣ (CFMD) Алекс Пивоварский ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

NBT_01.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БАТР дар Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Фирдавс Толибзода саҳми БАТР-ро ҳамчун шарики стратегӣ дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва рушди устувори мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи сиёсати қурби асъор, раванди рақамикунонии низоми бонкӣ, Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), комплайнс, талабот ба қарзҳои ипотекӣ, рушди бозори суғурта, тақвияти иқтидори мутахассисон дар самти риояи меъёрҳо, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, идоракунии хавфҳо ва татбиқи усулҳои муосири назорат, маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин масъалаҳои рушди иқтисоди “сабз” ва молияи устувор мубодилаи афкор намуданд.

NBT_02.JPG

Дар мулоқот инчунин оид ба рушди бозори коғазҳои қиматнок, гузариш ба иқтисоди “сабз”, рушди низоми суғурта, мубориза бар зидди шустушӯи пул, муаррифии татбиқи маҳсулоти БАТР оид ба мубодилаи маҳсулот ва масъалаҳои марбут ба хавф таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ноиби Президенти БАТР Марк Боуман аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии БАТР-ро барои идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва махсусан бахши хусусии кишвар иброз намуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 72

25.05.2026

Возврат к списку