Ахбор

Дар бораи ҶДММ Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс”


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс” бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавӣ иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз руйи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта ва барои фаъолияти азнавсуғуртакунӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Шуъбаи матбуот


 

Telegram  Facebook

Диданд: 21

22.05.2026

Возврат к списку