Ахбор

Иштироки Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои СҲШ


29 майи соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ дар доираи СҲШ, рушди механизмҳои нави ҳамкорӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмон, масъалаҳои мубрами низоми молиявии байналмилалӣ, рақамикунонии молияи давлатӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва тадбирҳои таъмини суботи молиявӣ, инчунин раванди машваратҳо оид ба таъсиси Бонки рушди СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.jpg

Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ оид ба вазъи кунунии иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, натиҷаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва тадбирҳои роҳандозишуда ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум, таъмини суботи молиявӣ ва таҳкими устувории низоми бонкӣ суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи пайгиронаи ислоҳотро дар самтҳои такмили низоми назорати бонкӣ, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири сиёсати макропруденсиалӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамии молиявӣ идома медиҳад. Ҳамзамон, аҳаммияти густариши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъорҳои миллӣ, мутобиқати низомҳои миллии пардохтӣ, рушди пардохтҳои фаромарзӣ ва тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ таъкид карда шуд.

2.jpeg

Дар доираи муҳокимаҳо иштирокдорон инчунин масъалаҳои рушди технологияҳои молиявӣ, истифодаи воситаҳои инноватсионӣ дар бахши молия, мубодилаи таҷриба дар самти асъорҳои рақамии бонкҳои марказӣ ва таҳкими амнияти кибериро баррасӣ намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа омодагии худро барои идома додани ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай иброз намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо муовини Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қозубеков Азат Айбекович баргузор гардид.

3.jpeg

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Қирғизистон, масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, комплайенс ва густариши табодули таҷриба мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни ду ниҳод изҳор доштанд.

Қобили қайд аст, ки ҷаласаи имсолаи СҲШ дар соли таҷлили 25-солагии таъсиси Созмон баргузор гардида, барои баррасии масъалаҳои мубрами иқтисодию молиявии давлатҳои аъзо заминаи мусоид фароҳам овард.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 0

29.05.2026

Возврат к списку