Ҳамасола дар тамоми кишварҳои ҷаҳон 9 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии воҳидҳои кашшофии молиявӣ (International FIU Day), ки ба ифтихори таъсисёбии “Egmont Group” дар соли 1995 муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад.
Ин рӯз нақши муҳимми воҳидҳои кашшофии молиявиро дар таъмини шаффофияти низоми молиявӣ, ошкор намудани амалиёти шубҳанок, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими амнияти ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар қатори дигар воҳидҳои кашшофии молиявӣ ин санаро ҳамчун ҷашни касбӣ таҷлил намуда, барои такмили низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири таҳлилию рақамӣ кушиш ба харҷ дода, ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва шарикони байналмилалӣ тақвият мебахшад.
Тамоми воҳидҳои кашшофии молиявии ҷаҳонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии воҳидҳои кашшофии молиявӣ табрик намуда, барои саҳмашон дар таъмини амнияти молиявӣ ва устувории низоми молиявии ҷаҳонӣ изҳори сипос менамоем.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 0
09.06.2026