18 июни соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати намояндагони Шурои хизматрасонии молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board) таҳти роҳбарии муовини дабири кулли ин ниҳод Абдулло Ҳорун мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми молияи исломӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии он, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти танзиму назорати хизматрасониҳои суғуртавӣ, бахусус омӯзиш ва роҳандозии суғуртаи исломӣ (такафул)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суҳбат таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати низоми молияи ҷаҳонӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои молия ва бонкдории исломӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ аҳаммияти махсус дошта, омӯзиши таҷрибаи пешрафта метавонад ба рушди танзиму назорати молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зикр гардид, ки таҷрибаи мазкур аз нигоҳи фарогирии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявии расмӣ таъсири мусбат расонида, ба мукаммал гардидани инфрасохтори низоми молиявии кишвар, коҳиш ёфтани иқтисодиёти пинҳонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
“Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ба узвияти Шуро қабул гардида, то ба имрӯз бо он ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 барои рушди бонкдории исломӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст ва имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами ҳалталаби он рушди суғуртаи исломӣ маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, ташаккул ва танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии исломӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ гардида, барои коҳиш додани хавфҳои молиявию тиҷоратии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории бозори молиявӣ мусоидат менамояд”, - иброз дошт С.Икромӣ.
Муовини дабири кулли Шурои хизматрасонии молиявии исломӣ Абдулло Ҳорун ба рушди низоми суғурта дар кишвар баҳои мусбат дода, омодагии ин ниҳодро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди низоми молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
19.06.2026