Ахбор

Иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ


29 июни соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи барномаи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Тошканд мегузарад, дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» дар муҳокимаи сатҳи баланд дар мавзуи «Сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигаргунсозии рақамӣ», ки ба масъалаҳои трансформатсияи рақамии бахши молиявӣ бахшида шуда буд, иштирок намуд.

 хабари 1 (3).jpg

Дар ҷараёни муҳокимаҳо дурнамои истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши худкор дар таҳлили макроиқтисодӣ, пешгӯии таваррум, назорати бонкӣ ва рушди инфрасохтори пардохтӣ баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки истифодаи технологияҳои нав бо таҳкими устувории амалиётӣ, амнияти киберӣ ва механизмҳои самараноки идоракунии хатарҳо бояд ҳамоҳанг бошанд.

хабари 1 (1).jpg

Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» ҳамчун майдони муколамаи касбии боз байни роҳбарони бонкҳои марказӣ, намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, иқтисоддонҳои пешбари ҷаҳонӣ ва ҷомеаи илмӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити идомаи номуайянии ҷаҳонӣ, тағйироти сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифода бурда мешавад.

Дар кори форум намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), инчунин бонкҳои марказии кишварҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лихтенштейн, Полша, Сербия, Швейтсария, Тоҷикистон, Туркманистон ва ғайра, инчунин намояндагони марказҳои пешбари таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Шуъбаи матбуот


Telegram  Facebook

Диданд: 14

29.06.2026

Возврат к списку