Ахбор

Дар бораи додани иҷозатнома ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк”


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур амали иҷозатномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, №39 ҷиҳати амалисозии фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, беэътибор дониста шуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 51

29.06.2026

Возврат к списку