Ахбор

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар шаҳри Бӯстон


Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 санаи 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд.

Рисунок1.jpg

Дар ифтитоҳи форуми мазкур, ки дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон баргузор шуд, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори низоми бонкӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ ба ҳисоб меравад.

Рисунок2.jpg 

Сипас, дар доираи кори форум мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба мавзуъҳои рӯзмараи низоми молиявӣ, аз ҷумла “Қаллоби дар интернет ва роҳҳои пешгирии он”, “Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо”, “Қарзҳо барои рушди тиҷорат ва истеҳсолот”, “Суғуртаи молу мулк ва нақлиёт ҳамчун воситаи ҳифзи амнияти молиявӣ” ва “Намудҳои маблағгузории исломӣ” бо рӯнамоҳои омӯзишӣ баромад намуданд.

Рисунок3.jpg

Дар рафти форум инчунин озмуни саволу ҷавоб оид ба саводнокии молиявӣ гузаронида шуда, ғолибон ва иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар форуми мазкур зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, занон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар қисмати дуюми фестивал, дар майдони марказии шаҳри Бӯстон, намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар он 29 ташкилоти қарзии молиявӣ ва 9 ташкилоти суғуртавӣ хизматрасонӣ ва маҳсулоти молиявии худро муаррифӣ намуда, оид ба истифодаи хизматрасониҳои муосири молиявӣ, мушаххаскунии ҳамёнҳои электронӣ, қабули дархост барои кортҳои пардохтӣ ва ғайра ба шаҳрвандон машварату тавсияҳо пешниҳод карданд.

Рисунок4.jpg

Қобили қайд аст, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо ба баланд гардидани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хизматрасониҳои молиявӣ, густариши рақобати солим байни иштирокдорони бозор ва беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Рисунок5.jpg

Дар қисмати фарҳангии фестивал бо иштироки ҳунармандон низ барои иштирокдорон, бахусус кӯдакони то 12-сола, викторинаҳои шавқовар оид ба саводнокии молиявӣ ташкил гардида, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Дар озмунҳои фестивал ба иштирокдорон зиёда аз 30 савол оид ба масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва суғурта, аз ҷумла шинохти амалҳои қаллобии молиявӣ, паёмадҳои ҳуқуқии дропперӣ, истифодаи дурусти кортҳои пардохтӣ, бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ, қарз, амонат ва пасандоз, пули миллӣ ва унсурҳои ҳимоявии он, инчунин аҳаммияти суғуртаи молу мулк ва воситаҳои нақлиёт пешниҳод гардид.

Рисунок6.jpg

Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи қисматҳои фестивали «Саводнокии молиявӣ» зиёда аз 3000 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.

Шуъбаи матбуот


Telegram  Facebook

Диданд: 149

26.06.2026

Возврат к списку