Аз 24 то 26 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ташкилоти аудитории ҶДММ “Моор Стивенс” барои сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) семинари амалии касбӣ дар мавзӯи «Таҳкими шаффофият ва устувории молиявӣ дар бахши суғурта тавассути такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва татбиқи амалии СБҲМ-17» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мутахассисони Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶДММ “Моор Стивенс” барои иштирокдорон дар мавзуҳои талаботи қонунугузорӣ дар самти ҳисобот ва ҳисоботдиҳӣ, тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захираҳои суғуртавӣ, таҳлили мисолҳои амалии ҳисоби захираҳои суғуртавӣ, шарҳи амалии СБҲМ-17 “Шартномаҳои суғуртавӣ”, баҳисобгирии мукофотҳои суғуртавӣ ва пардохтҳои суғуртавӣ, таҳлили шартномаҳои воқеии суғуртавӣ, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти суғуртавӣ, нақши сармуҳосибон дар таъмини шаффофияти молиявӣ ва масъулияти онҳо, инчунин назорати дохилӣ ва сифати ҳисоботдиҳӣ машғулиятҳои амалӣ гузарониданд.
Дар рафти семинар инчунин талаботи муосири раванди ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ, ҷойгиркунии онҳо дар дороиҳои пардохтпазир ва тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон сертификатҳои касбии Бонки миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 124
29.06.2026