Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” шакли намунавии полиси электронии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тасдиқ карда шуд.
Ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадоранд ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тавассути “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ” шакли намунавии полиси электронии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро истифода намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2
26.06.2026