13 июли соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз, муовинони раис Икромӣ Сироҷиддин, Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкӣ миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2026 мутобиқ ба қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, инчунин дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ кардааст.
Қайд карда шуд, ки сарфи назар аз идомаи номуайяниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва хавфҳои геоиқтисодӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати иқтисодии пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои амалигардидаи Бонки миллии Тоҷикистон суботи низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2026 нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти соҳа тамоюли мусбатро идома доданд. Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати мутавозини пулию қарзиро ҷиҳати рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (Абдуллоев З.Ҳ. - директори департаменти назорати бонкӣ, Қурбоналиева Н.М. - сардори идораи суботи молиявӣ, Бояков З.Ғ. - директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Мирзоалиев Ҳ.С. - директори департаменти мониторинги молиявӣ, Салоҳиддинов Ш.К. - директори департаменти низоми пардохт, Ғаниев Д.Б. - директори департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Ҳакимзода А.А. - сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ) вобаста ба нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, раванди иҷрои стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои солҳои 2022-2026, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 рӯнамоҳои таҳлилӣ пешниҳод намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои пурраи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, таҳкими низоми идоракунии хавфҳо, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, такмили низоми амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва пасандозҳо, паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа инчунин ба масъалаҳои тақвияти назорат ҳангоми анҷом додани амалиётҳои фаромарзӣ, риояи талаботи байналмилалӣ дар самти комплаенс, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пешгирии хавфҳои марбут ба ин самт, инчунин тақвияти чораҳои пешгирии амалиётҳои қаллобии молиявӣ ва фаъолияти дропперӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода низ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар татбиқи самараноки сиёсати иқтисодии давлату ҳукумат нақши низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ гардида, он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, саҳми беандоза дорад.
Дар ҷамъбаст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода таъкид намуд, ки ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки рушди муттасили фаъолияти ташкилоти худро таъмин намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 тадбирҳои муассир андешида, барои таҳкими суботи низоми молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таъмини амнияти молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 15
14.07.2026