Ахбор

Ҷамъбастии фаъолияти низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2026


13 июли соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2026 таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки роҳбарону намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ баргузор гардид.

1.JPG

Зимни ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, хатарҳои геополитикӣ ва тағйирёбии иқлим, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2026 мусбат ҷамъбаст гардида, низоми суғуртаи кишвар низ рушди устувори худро идома дод.

2.JPG

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ҷиҳати идомаи ислоҳоти низоми суғурта як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Аз ҷумла, «Стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва нақшаи амалисозии он таҳия гардид, шакли намунавии полиси электронии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тасдиқ шуд, инчунин ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти суғуртавӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

3.JPG

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷорӣ намудани суғуртаи исломӣ ва рушди механизмҳои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони соҳа семинарҳои омӯзишии касбӣ оид ба татбиқи Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ (СБҲМ-17) баргузор гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 бо рӯнамои муфассал суханронӣ намуда, оид ба фарогирии суғуртавӣ дар кишвар, нишондиҳандаҳои асосӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбул, мушкилоти мавҷуда дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он маълумот дод.

4.JPG

Зимнан таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ, саривақт анҷом додани пардохтҳои суғуртавӣ, риояи меъёрҳои мақбул, ташаккули дурусти захираҳои суғуртавӣ, такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, рақамикунонии фаъолияти суғуртавӣ, густариши шабакаи филиалу намояндагиҳо ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҷалб карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа, вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, ба ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии онҳо, рушди минбаъдаи низоми суғурта, таҳкими устувории молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.


Шуъбаи матбуот


Telegram  Facebook

Диданд: 16

14.07.2026

Возврат к списку