20 июли соли 2026 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни 2026, №26/10-814 бо иштироки намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор мегардад.
Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷи кишвар ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумоти заруриро қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ нашр менамоем.

Шуъбаи матбуот
Диданд: 2855
18.07.2026