20 июли соли 2026 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Толибзода Фирдавс, муовини якуми раис Шарифзода Фируз, муовинони раис Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер, Ғуломзода Зиёратшо, инчунин муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, инчунин дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил кард. Таварруми солона бошад, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 б.ф.) қарор дошта, 4,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 39 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнокро ба маблағи 82,5 млрд сомонӣ баргузор кард. Дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2,0 млрд сомониро ташкил менамоянд.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар гардид.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба андозаи 0,17 фоиз баланд шуд (аз 9,2513 сомонӣ дар санаи 31.12.2025 то ба 9,2674 сомонӣ дар 30.06.2026). Бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфт. Аз ҷумла, қурби тангаи Қазоқистон 3,33 фоиз, юани Чин 3,1 фоиз ва рубли Федератсияи Россия 0,60 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 8,62 фоиз, рубли Беларус 0,13 фоиз, сӯми Ӯзбекистон 0,30 фоиз ва соми Қирғизистон 0,04 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 30 июни соли 2026 дар маҷмуъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 21 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 971 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 29 адад зиёд аст.
Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои моҳи июни соли 2026 ба 63,6 млрд сомонӣ ва 51,5 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мувофиқан 21,8 фоиз (ё 11,4 млрд сомонӣ) ва 22,4 фоиз (ё 9,4 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд. Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли 2026 ба 12,1 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 ба андозаи 2,0 млрд сомонӣ ё 19,5 фоиз зиёд шудааст.
Ба санаи 30 июни соли 2026 бақияи умумии пасандозҳо 36,9 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо аз рӯи ҳисса бо пули миллӣ 60,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 39,1 фоизро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 16,2 млрд сомонӣ ё 44,0 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 20,7 млрд сомонӣ ё 56,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 16,9 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 41,5 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 13,7 фоиз, кишоварзӣ 12,4 фоиз, хариди манзил ва таъмири хона 9,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,0 фоиз, саноат 6,8 фоиз, сохтмон 3,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,7 фоиз рост меояд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 25,2 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 4,3 млрд сомониро ташкил додааст. Дар ин давра ба маблағи 12,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,9 фоизро ташкил дод.
Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молияви низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 30 июни соли равон 24,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 12,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки то санаи 30 июни соли 2026 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 12,4 млн ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 35,4 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар ҳамин давра шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 19,8 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 25,9 фоиз (4,1 млн адад) афзоиш ёфтааст.
Ба санаи ҳисоботӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 10 561 адад терминали электронӣ насб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,7 фоиз (936 адад) зиёд мебошад. Аз шумораи умумии терминалҳо 5 913 адад махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 4,5 фоиз (254 адад) афзоиш ёфтааст.
Дар муассисаҳои савдою хизматрасонии ҷумҳурӣ 33 620 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 32,4 фоиз (8 232 адад) зиёд мебошад. Аз шумораи умумии QR–рамзҳо 7 454 адад махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудаанд ва нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 90,1 фоиз (3 535 адад) афзоиш ёфтааст. Илова ба ин, барои пур кардани суратҳисобҳои кортӣ, пардохти молу хизматрасониҳо ва анҷом додани дигар хизматрасониҳои бонкӣ дар қаламрави кишвар 7,0 ҳазор терминали худкори худхизматрасон насб карда шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 152,0 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 38,3 млрд сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 аз рӯи шумора 1,7 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиёт 97,6 фоиз афзоиш ёфтаанд. Дар ин давра ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар маҷмуъ 41 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13 банди фоизӣ афзудааст.
Вобаста ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ тақрибан 890 муроҷиат, аз ҷумла 388 адад тавассути телефони боварӣ, 253 адад қабули шахсӣ (қабули шаҳрвандон), 205 адад бо тариқи хаттӣ ва 42 адад тариқи почтаи электронӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки тибқи тартиби муқарраршуда сари вақт баррасӣ гардиданд.
Зимнан қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ширкати байналмилалии рейтингии «Standard & Poor's» рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи «B/B» тасдиқ намуда, дурнамои онро аз «устувор» ба «мусбат» тағйир дод. Ҳамзамон, агентии байналмилалии рейтингии «Moody's» бори аввал рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B3» ба дараҷаи «B2» баланд бардошта, дурнамои онро «устувор» арзёбӣ намуд.
Беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои рейтингӣ ва тағйир ёфтани дурнамои онҳо бозгӯи эътирофи пешрафтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини суботи макроиқтисодӣ, нигоҳдории интизоми молиявӣ, таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ мебошад. Интишори ҳисоботҳои рейтингӣ ба беҳтар шудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба низоми бонкии кишвар, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва тавсеаи имкониятҳои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии сармоя мусоидат менамояд.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳо оид ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои байналмилалӣ ва сохтори он, қурби асъор, пешгирии қаллобии молиявӣ, ҳаҷми пул дар муомилот, тадбирҳо оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо, қарзи ипотекӣ, қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз руйхати таҳримҳо бароварда шудани ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, нақшаҳо оид ба пули рақамӣ, истифодаи криптоасъор ва дигар масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъбасти нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкӣ миннатдорӣ баён намуда, барои боз ҳам тавсеа додани ҳамкориҳои самарабахш омодагии Бонки миллиро изҳор дошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
20.07.2026