Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер Тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома дода шуд.
Ҳамзамон, иҷозатномаи қаблан ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер Тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ додашуда, ки дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №143 аз 24 сентябри соли 2021 ба расмият дароварда шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 16
24.07.2026