Ахбор

Баррасии таҳкими ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо


3 августи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски ва муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Фердинанд Йенрих мулоқот намуд.

Ҷонибҳо дар мулоқоти мазкур вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин риояи талаботи байналмилалӣ оид ба мутобиқати таҳримӣ табодули афкор намуданд.

Рисунок 22.jpg

Дар мулоқот ҳамзамон тадбирҳо дар самти пешгирии истифодаи ғайриқонунии воситаҳои электронии пардохтӣ, таҳкими назорат ҳангоми хизматрасонӣ ба муштариён, аз ҷумла пешгирӣ аз додани ҳуқуқи истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба шахсони сеюм, гузаронидани санҷиши дахлдори муштариён (KYC/EDD), инчунин татбиқи технологияҳои муосири ҳифзи пардохтҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи низоми комплаенс, такмили низоми идоракунии хавфҳо ва таъмини амнияти амалиёти молиявӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҷиҳати мутобиқ намудани низоми молиявии кишвар ба талаботи байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 18

03.08.2026

Возврат к списку