Бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) рӯзҳои 28-30 июли соли 2026 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии навбатии омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар 35 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявии дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолияткунанда, аз ҷумла ҶСК "Ориёнбонк", КВД БА ҶТ "Амонатбонк", ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСП "Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон", ҶСП "Актив Бонк", ҶСП Бонки “Арванд”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСК “Алиф Бонк”, КВД БССТ "Саноатсодиротбонк", ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, ҶСП "Васл Бонк", ҶСП Бонки “Имон Интернешнл”, ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА”, ҶДММ ТАҚХ “МАТИН”, ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” ва ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур тибқи барномаи Маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони департамент баргузор гардид.
Дар семинар масъалаҳои марбут ба талаботи стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), нақши ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар татбиқи онҳо, инчунин омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобила баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба такмили равандҳои дохилӣ ва тақвияти самаранокии татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар як бахши чорабинӣ, ки ба мубодилаи таҷриба бахшида шуд, намояндагони ҶСП «Душанбе Сити Бонк» оид ба низоми назорати дохилии ташкилоти мазкур дар самти МҚД/МТ/МПСҚО рӯнамо пешниҳод намуданд.
Сипас, тибқи барномаи чорабинӣ, камбудиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мазкур, ки зимни санҷишҳои ҳамаҷониба мунтазам ошкор мегарданд, мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар интиҳои семинар ба ҳамаи иштирокдорон сертификати хатми курс тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, бо дархости Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 2026 барои нотариусони давлатӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар вилояти Суғд фаъолияткунанда омӯзиш дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш талаботи тавсияҳои ФАТФ вобаста ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин масъалаҳои такмили низоми пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби нотариусҳо ба мақоми ваколатдор баррасӣ ва муҳокима шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нақши муҳим дорад.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 15
03.08.2026