Ахбор

Агентии “S&P Global Ratings” рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро баланд бардошт


14 августи соли 2026 Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B/B» бо дурнамои «мусбат» ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт.

Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар аз дараҷаи «B/B» ба дараҷаи «B+/B» аз беҳтар гардидани арзёбии агентӣ вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

S&P.jpg   

Тибқи арзёбии “S&P Global Ratings”, ба ин тағйирот, суръати баланди рушди иқтисодӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, таҳкими қурби асъори миллӣ, қобилияти саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои қарзи давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги стратегии кишвар мусоидат намудаанд.

Тағйироти мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, метавонад ба таҳкими эътимоди шарикони байналмилалӣ ва сармоягузорон, беҳтар гардидани дастрасӣ ба захираҳои молиявии байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағгузории беруна замина гузорад.

Қобили зикр аст, ки рейтинги соҳибихтиёрии қарзӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми байналмилалии арзёбии қобилияти қарзӣ ва хавфҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат ба ҳисоб рафта, дар қабули қарорҳои сармоягузорӣ ва арзёбии дурнамои иқтисодию молиявии кишвар аз ҷониби шарикони байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Шуъбаи мутбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2

14.08.2026

Возврат к списку