19 августи соли 2026 ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки намояндагони мақомоти дахлдор баргузор гардид.
Ҷаласаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ифтитоҳ намуда, муҳиммияти омодагии кишварро ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, ки аллакай оғоз гардида, то соли 2027 идома меёбад, таъкид намуд.
Зимни ҷаласа иҷрои қарорҳои пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва коҳиш додани хавфҳо, ки зимни баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шудаанд», инчунин «Ҳисоботи баҳодиҳии хавфҳои ҚД/МТ/МПСҚО дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ» ва масъалаи марбут ба рӯйхати Маркази зиддитеррористии ИДМ баррасӣ гардида, ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.
Зариф Ализода аҳаммияти марҳилаи нави баҳодиҳиро барои таҳкими устуворӣ ва шаффофияти низоми миллӣ қайд намуда, иттилоъ дод, ки тибқи талаботи даври сеюми баҳодиҳии мутақобила саволномаи мутобиқати техникӣ ба талаботи тавсияҳои ФАТФ пур карда шуда, 3 августи соли 2026 ба Котиботи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) пешниҳод гардид.
Зимнан ба иштирокдорони ҷаласа вобаста ба пур кардани саволномаи самаранокӣ дар асоси 11 натиҷаи бевоситаи ФАТФ ва пешниҳоди он бо маълумоти оморӣ ба Котиботи ГАО то моҳи октябри соли 2026 супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади омодагӣ ба вохӯриҳои маҷозӣ ва рӯ ба рӯ бо коршиносон – баҳогузорон аз кишварҳои аъзои ГАО, ки дар доираи даври сеюми баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки иштироки фаъолонаи намояндагони худро дар гурӯҳи корӣ таъмин намуда, ҳамкориро бо Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон идома диҳанд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 1
20.08.2026