19 августи соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба қарзи хориҷӣ ва ҳуқуқи инсон хонум Аттия Варис мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба идоракунии оқилонаи қарзи давлатӣ, истифодаи механизмҳои муосири арзёбии устувории қарз, густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ, бахусус дастгирии занони соҳибкор, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 18
20.08.2026