Ахбор

Вохӯрии маҷозии гурӯҳи коршиносони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳогузорони ГАО


24 августи соли 2026 дар доираи даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозии гурӯҳи коршиносони миллӣ бо баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо суханони ифтитоҳии роҳбари гурӯҳи баҳогузорони ГАО, директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳ. Мирзоалиев оғоз гардид.

Рисунок1.jpg  

Дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ намояндагони гурӯҳи коршиносони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳои миллӣ ва соҳавиро муаррифӣ намуда, вобаста ба хавфҳои муайянгардида, хусусият ва омилҳои ба онҳо таъсиррасон бо баҳогузорони ГАО табодули афкор сурат гирифт.

Қобили қайд аст, ки зимни муҳокимаронӣ инчунин бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ва нақши онҳо дар низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои мазкур маълумотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Рисунок2.jpg  

Ёдовар мешавем, ки даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО оғоз гардида, то соли 2027 идома хоҳад ёфт.

Баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ГАО марҳилаҳои арзёбии мутобиқати техникӣ ва самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО, баргузории вохӯриҳо бо гурӯҳи баҳогузорон, ташрифи онҳо ба кишвар, инчунин баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи ниҳоиро дар ҷаласаи пленарии ГАО дар бар мегирад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

 

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 0

26.08.2026

Возврат к списку