Ахбор

Мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо муовини роҳбари Намояндагии UNICEF


2 сентябри соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двидеди мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди малакаҳои иқтисодӣ ва молиявии наврасону ҷавонон, бахусус ашхоси аз лиҳози ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд, дар доираи татбиқи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030, инчунин тавсеаи имкониятҳои соҳибкорӣ ва омодасозии онҳо ба бозори меҳнат баррасӣ гардид.

NBTL0326.JPG

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди дониш ва малакаҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии густариши фарогирии молиявӣ ва ҷалби ҷавонону бонувон ба ҳаёти иқтисодии кишвар мебошад. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Барномаи зикршуда дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро аз самтҳои афзалиятнок муайян намудааст.

NBTL0323.JPG

Дар идома, таҷрибаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ мусбат арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши омӯзиши малакаҳои амалии молиявӣ, инчунин муайян ва татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак дар самти рушди саводнокии молиявӣ, тавонмандсозии иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои наврасону ҷавонон изҳор намуданд.

        Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 131

02.09.2026

Возврат к списку