Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, дар шаҳри Сеул аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (KoFIU) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид.

Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва аз ҷониби Ҷумҳурии Корея роҳбари Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея Хён Ҷу Ли ба имзо расониданд. Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар назди Комиссияи хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Корея фаъолият намуда, яке аз мақомотҳои калидии ин кишвар дар низоми муқовимат ба ҷиноятҳои молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм равона гардида, барои тақвияти ҳамкориҳои касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
17.09.2026