Ахбор

Мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ


25 сентябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ - мушовирони байналмилалӣ Субхренду Чаттерджи ва Эрджан Лючи мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва SECO, аз ҷумла дар доираи татбиқи марҳилаи II-юми лоиҳаи «Таҳкими бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.

Рисунок1.jpg  

Таъкид гардид, ки ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо барои пешбурди ислоҳот дар самти таҳкими суботи молиявӣ, такмили назорати бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ заминаи мусбат фароҳам овардааст.

Зимни мулоқот натиҷаҳои асосии татбиқи марҳилаи II-юми лоиҳаи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ҷонибҳо натиҷаҳо ва таҷрибаи бадастомадаро ҳамчун замина барои муайян намудани самтҳо ва шаклҳои эҳтимолии ҳамкории минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ ва SECO арзёбӣ намуданд.

 Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2

25.09.2026

Возврат к списку