– Муҳтарам раис, 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи пур аз таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Низоми бонкии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз чӣ гуна вазъ оғоз кард ва дар ин давра кадом марҳилаҳои ташаккул ва рушдро тай намуд?
– Ҳарчанд аз нигоҳи таърихӣ 35 сол муддати тулонӣ набошад ҳам, вале он барои мардуми кишварамон давраи имтиҳонҳои бузург ва сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад. Дар ин давра давлату миллат бо вуҷуди мушкилоти сахти солҳои аввали Истиқлол роҳи мураккабу пурмасъулияти бунёди давлатдории миллӣ ва иқтисодиёти мустақилро тай намуд.
Низоми бонкии кишвар низ аз ин раванд истисно набуд. Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ташкили низоми мустақили бонкӣ ва гузариш аз модели мутамаркази собиқ ба низоми муосири бонкдорӣ ба миён омад. Аммо солҳои аввали Истиқлол бо буҳрони амиқи иқтисодӣ, қатъ гардидани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, коҳиши истеҳсолот ва оқибатҳои ҷанги дохилӣ шуруъ гардид.
Дар чунин шароит масъалаи ташкили низоми миллии бонкӣ ва татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ аҳаммияти стратегӣ дошт. Ҳамин аст, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва иқтисодии низоми бонкии миллӣ ташкил карда шуданд.
Дар натиҷаи ислоҳотҳои гузаронидашуда низоми бонкӣ на танҳо ба афзоиши шумораи ташкилотҳо, инчунин ба баланд бардоштани сифати фаъолияти онҳо, устувории молиявӣ, рақобатпазирӣ, идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва мутобиқ намудани фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Агар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошт, имрӯз дар низоми бонкии кишвар 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 21 фонди қарзии хурд бо 1 971 адад воҳидҳои сохторӣ (филиал ва марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ) фаъолият доранд.
– Яке аз рӯйдодҳои муҳимми даврони Истиқлол ташкили низоми миллии пулӣ мебошад. Ин раванд барои давлатдории миллӣ ва сиёсати пулию қарзии кишвар чӣ аҳаммият дошт?
– Пули миллӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои соҳибихтиёрии давлат ва воситаи асосии татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ мебошад. Аз ин рӯ, ташкили низоми миллии пулӣ дар марҳилаи аввали Истиқлол барои Тоҷикистон аҳаммияти таърихӣ ва иқтисодӣ дошт.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини ба вазифаи роҳбари кишвар интихоб шудан сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкиро яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат қарор дода, бо ин мақсад дар он шароити ҳассоси иқтисодӣ дар баробари дигар корҳои муҳим барои гузаронидани ислоҳоти низоми бонкӣ иқдом намуданд.
Ба миён гузоштани масъалаи барориши пули миллӣ дар он замон яке аз навгониҳои давр ва ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат моҳи майи соли 1995 Бонки миллии Тоҷикистон пули миллӣ – рубли тоҷикиро ба муомилот баровард. Ин иқдом дар шароити ниҳоят мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ заминаи муҳим барои ташкили низоми мустақили муомилоти пулӣ гардид.
Бо тағйир ёфтани муҳити иқтисодӣ ва гузаштани кишвар ба марҳилаи нави рушд зарурати ислоҳоти нави пулӣ ба миён омад. Ҳамин тариқ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Номи он ба ифтихори асосгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон – Исмоили Сомонӣ интихоб гардид.
Ба муомилот ворид шудани сомонӣ танҳо иваз намудани як воҳиди пулӣ ба воҳиди дигар набуд. Ин воқеан марҳилаи муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ва мустақилияти иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Пули миллӣ имкон фароҳам овард, ки сиёсати пулию қарзӣ дар асоси манфиатҳои иқтисоди миллӣ мустақилона татбиқ гардида, равандҳои пулӣ ва молиявӣ бо истифода аз воситаҳои муосири бонки марказӣ танзим карда шаванд.
Ҳоло сомонӣ беш аз ду даҳсола аст, ки ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар кишвар хизмат мекунад ва ба яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ табдил ёфтааст.
– Дар баробари ташаккули низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзии кишвар дар даврони Истиқлол пайваста такмил меёбад. Бонки миллӣ дар кадом самтҳо ислоҳотро амалӣ намуд?
– Нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва таъмини устувории низоми бонкии давлат аз мақсадҳои Бонки миллӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва таъсири омилҳои беруна татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ тақозо мекунад, ки қарорҳо бар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои иқтисодӣ ва молиявӣ қабул карда шаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳкими суботи молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро суботи низоми молиявӣ заминаи муҳимми рушди устувори иқтисодиёт, афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Дар солҳои охир дар самти тақвияти назорати бонкӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин идоракунии корпоративӣ ислоҳоти васеъ амалӣ гардид.
Ислоҳоти идоракунии корпоративӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми таҳкими низоми бонкӣ мебошад. Мустақилият ва масъулияти мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ, тақвияти аудити дохилӣ ва берунӣ, шаффофияти ҳисоботдиҳӣ, пешгирии қарздиҳии имтиёзнок ба шахсони алоқаманд ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарияти ташкилотҳо ба устувории онҳо таъсири мустақим мерасонад.
Инчунин, ҷорӣ намудани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар низоми бонкӣ барои баланд бардоштани сифати баҳисобгирӣ, шаффофияти ҳисоботи молиявӣ ва мутобиқсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ замина фароҳам овард.
Дар маҷмуъ, сиёсати пулию қарзӣ имрӯз на танҳо воситаи танзими ҳаҷми пул ва қарз, балки ҷузъи муҳимми низоми умумии таъмини суботи макроиқтисодӣ ва молиявии кишвар мебошад.
– Низоми пардохт яке аз бахшҳоест, ки солҳои охир босуръат тағйир меёбад. Доир ба гузариш аз ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва нақши рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ дар рушди иқтисоди миллӣ мегуфтед?
– Рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ яке аз самтҳои асосии рушди низоми бонкии муосир мебошад. Имрӯз низоми пардохт танҳо воситаи анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ набуда, ба яке аз унсурҳои асосии инфрасохтори иқтисоди рақамӣ табдил ёфтааст.
Дар даврони Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар инфрасохтори пардохт тадриҷан ташаккул ёфта, имрӯз доираи истифодаи кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, терминалҳои пардохт, хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, QR-пардохтҳо ва дигар воситаҳои рақамии пардохт васеъ гардидааст.
Тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ барои шаффофияти гардиши молиявӣ, коҳиш додани хароҷоти муомилот, осон намудани дастрасии шаҳрвандон ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ аҳаммияти хоса дорад.
Қобили қайд аст, ки тибқи маълумоти оморӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар маҷмуъ 41 фоизро ташкил додааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ба ташкили инфрасохтори боэътимод ва бехатари пардохт, рушди ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Дар баробари ин, маврид ба зикр аст, ки рақамикунонӣ бояд бо баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва рақамии аҳолӣ ҳамқадам бошад. Зеро истифодаи технологияҳои молиявӣ дар баробари имкониятҳои зиёд, масъалаҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии қаллобии молиявиро низ ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, ҳадафи мо ташкили низоми пардохтии муосир, дастрас, рақобатпазир ва ҳамзамон боэътимоду бехатар мебошад.
– Дар баробари рушди низоми бонкӣ, дар солҳои Истиқлол ислоҳоти зиёде дар самти маблағгузорӣ, бонкдории исломӣ ва ҳамгироӣ бо низоми молиявии байналмилалӣ анҷом дода шуданд...
– Рушди низоми молиявӣ бояд ба талаботи иқтисоди миллӣ ва ниёзҳои аҳолӣ мутобиқ бошад. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳимми ислоҳот дар солҳои истиқлол васеъ намудани имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқот ва суханрониҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, таҳкими низоми бонкӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум ва ғайра дастуру ҳидоятҳо дода, дар назди низоми бонкӣ вазифаҳои нав мегузоранд.
Дар ин раванд, хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди фаъолияти иқтисодӣ нақши муҳим доранд. Танҳо дар соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 8,2 млрд ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.
Дар солҳои охир заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии бонкдории исломӣ низ ташаккул ёфтанд. Ин имкон медиҳад, ки бозори хизматрасониҳои молиявӣ диверсификатсия шуда, ба муштариён маҳсулоти гуногуни молиявӣ пешниҳод гардад.
Инчунин, ҳамгироии низоми молиявии Тоҷикистон бо бозори байналмилалӣ низ аз дастовардҳои муҳимми даврони Истиқлол мебошад. Бонки миллӣ дар ин самт бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони рушд ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳамаи ин равандҳо нишон медиҳанд, ки низоми бонкии кишвар тадриҷан аз доираи хизматрасониҳои анъанавӣ берун шуда, ба як бахши инфрасохтори иқтисоди муосир табдил меёбад.
– Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мехостем ба масъалаи саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди низоми бонкии кишвар низ таваҷҷуҳ намоем. Шумо онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Агар ба таърихи ташаккул ва рушди низоми бонкии миллӣ назар андозем, равшан мегардад, ки он бо раванди бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ ва тақдирсоз мебошад.
Дар солҳои аввали Истиқлол, ки кишвар бо мушкилоти ниҳоят вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, масъалаи ташкили низоми мустақили пулию қарзӣ, бунёди низоми миллии бонкӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисодии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Иқдомҳои Сарвари давлат барои ташкили низоми миллии пулӣ, таҳкими мақоми Бонки миллӣ, такмили қонунгузории бонкӣ ва гузариш ба низоми муосири бонкдорӣ дар ҳамаи марҳилаҳо муҳим дониста мешаванд.
Дар давоми солҳои минбаъда низ дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳои худ Пешвои миллат пайваста масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум, таҳкими низоми бонкӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳӣ, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ, ҷалби сармоя ва рақамикунонии хизматрасониҳоро ҳамчун самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат таъкид менамоянд.
Дар навбати худ, вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон ва тамоми низоми бонкӣ аз он иборат аст, ки ин ҳадафҳоро бо истифода аз механизмҳои муосири танзим ва назорат, таҳкими суботи молиявӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста татбиқ намоем.
Марҳилаи минбаъда аз низоми бонкӣ муносибати боз ҳам фаъолтар ва навоваронаро тақозо мекунад. Рақамикунонӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, идоракунии хавфҳо, тақвияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Ҳадаф бояд ташаккули низоми бонкии устувор, рақобатпазир, шаффоф ва ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ бошад, ки тавонад ба рушди соҳибкорӣ, саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди иқтисодӣ ва молиявӣ мебошанд. Бовар дорем, ки дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон низ низоми бонкӣ дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Диданд: 23
10.09.2026