24 сентябри соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 дар қасри ноҳияи Тоҷикобод фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид.

Дар доираи кори фестивал форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, инчунин бонувону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ноҳия иштирок намуданд.

Форуми саводнокии молиявӣ бо суханронии раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳакимзода Абдураҳмон оғоз гардида, оид ба аҳаммияти маърифати молиявии аҳолӣ, таҳкими эътимод ба низоми бонкӣ ва суғуртавӣ, тадбирҳои Бонки миллӣ дар ин самт ва самтҳои асосии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар идома, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мавзӯъҳои «Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он», «Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо», «Суғуртаи саломатӣ ва ҳаёт» ва «Банақшагирии буҷети оила ва аҳаммияти пасандозгузорӣ» бо рӯнамоҳо баромад намуданд.

Дар рафти форум ҳамчунин озмуни саводнокии молиявӣ баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати дигари фестивал, дар майдони назди Қасри фарҳанги ноҳия, намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар он 18 ташкилоти қарзии молиявӣ ва 7 ташкилоти суғуртавӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ намуда, ба иштирокдорон машварат ва тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи қисматҳои фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Тоҷикобод зиёда аз 1200 нафар иштирок намуд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии молиявии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи масъулона ва бехатари хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин рушди рақобати солим ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 53
25.09.2026