29 сентябри соли 2026 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз дар шаҳри Майами бо ҳайати Бонки захиравии федералии ИМА (Federal Reserve Bank) — James Hickle, Lara Green-Spector, Michael Saproshan, Peter Roethel ва Annamarie RowerStaker мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонкӣ баррасӣ шуданд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба хусусияти бисёрсолаи ҳамкориҳои дуҷониба ишора намуда, нақши табодули таҷриба ва истифодаи таҷрибаи байналмилалиро дар такмили равандҳои бонкӣ ва татбиқи стандартҳои муосир мусбат арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои амалии татбиқи стандартҳои муосири мубодилаи паёмҳои молиявӣ, мутобиқсозии инфрасохтори бонкӣ ва равандҳои дохилӣ ба талаботи байналмилалӣ, инчунин муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (AML/CFT), аз ҷумла идоракунии хавфҳо, такмили расмиёти назоратӣ дар самти амнияти молиявӣ, рушди муносибатҳои корреспондентии бонкӣ, тақвияти самаранокии ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва риояи талаботи муосир дар ин самт табодули назар намуданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот ба таҳкими иқтидори касбии мутахассисон тавассути машваратҳои соҳавӣ, баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ дар самтҳои сиёсати пулию қарзӣ, назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ ва амнияти молиявӣ таъкид карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи мунтазам ва густариши робитаҳои касбӣ дар самтҳои SWIFT, AML/CFT, муносибатҳои корреспондентӣ, низомҳои пардохтӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
30.09.2026