Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (WB/IFC), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Тоҷикистон (SECO), Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дигар шарикони рушд ва бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон 30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии бонкӣ - 2026 таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» баргузор гардид.
Тибқи барнома дар Форум масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ, аз ҷумла ҳамгироии низоми пардохтҳо дар Осиёи Марказӣ – инфрасохтор ва ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ бо истифода аз технологияҳои нав, финтех ва тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон дар шароити табдили рақамӣ, моделҳои нави соҳибкорӣ ва рушди экосистемаҳои рақамӣ муҳокима гардида, иштирокдорон доир ба мавзуҳои бонкдории кушода (Open Banking), низомҳои пардохти фаврӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва имкониятҳои таҳкими ҳамкории фаромарзии ниҳодҳои молиявӣ табодули назар намуданд.
Зикр гардид, ки Форум дар заминаи густариши ҳамкории минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими шарикӣ бо ниҳодҳои байналмилаллии молиявӣ ва шарикони рушд гузаронида шуда, барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, баррасии роҳҳои ҳалли мушкилоти муосир ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди бахши молиявӣ аҳаммияти муҳим дошта, ба таҳкими устувории молиявӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди ҳамгироии рақамии бозорҳои молиявии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, шарикони рушд, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 39
30.09.2026