Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
Чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад.
Бо мақсади ҳифзи маблағ ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад:
- файлҳои формати «.apk»-ро, ки тавассути «Telegram», «WhatsApp» ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунед;
- ба пайвандҳои (ссылка) шубҳанок, ки тавассути паёмрасонҳо, SMS-паёмак ёпочтаи электронӣ ирсол мешаванд, ворид нашавед;
- PIN-рамз, гузарвожа, рамзи якдафъаинаи SMS ва дигар маълумоти бонкии худро ба ҳеҷ кас надиҳед;
- манбае, ки аз он паём ё файли формати «.apk» омадааст бодиққат санҷед, ҳатто агар он аз номи шахси шинос, бонк, мақоми давлатӣ ё ташкилоти дигар ирсол шуда бошад.
Дар хотир доред: кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён PIN-рамз, гузарвожа ва рамзҳои якдафъаинаи тасдиқкунандаро талаб намекунанд ва насби барномаҳои бегона ё ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд.
Агар файли шубҳанокро аллакай насб карда бошед ё гумон кунед, ки маълумоти бонкии шумо ба шахсони бегона дастрас шудааст, фавран ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат намоед.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои бонкии рақамӣ ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Диданд: 128
02.10.2026