Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти касбӣ ва ташаккули фарҳанги устувори зиддикоррупсионӣ дар фаъолияти кормандон, 9 октябри соли 2026, дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ» баргузор гардид. Дар машғулият кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, таҳкими принсипҳои шаффофият ва адолат, инчунин баланд бардоштани масъулияти касбӣ дар муносибатҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии мавзуъ таваҷҷуҳи асосӣ ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) равона гардид. Дар ин замина оид ба ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин зарурати татбиқи пайгиронаи чораҳои пешгирикунанда дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо андешаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи самараноки ҳадафҳои Стратегия ва чорабиниҳои марбут ба он аз сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибат ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ вобастагии мустақим дорад.
Дар ҷараёни семинар инчунин оид ба оқибатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии коррупсия маълумот пешниҳод гардид. Зикр карда шуд, ки коррупсия ба фаъолияти самараноки идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад ба коҳиши эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ, халалдор гардидани рақобати солим, истифодаи ғайрисамараноки захираҳо оварда расонад. Дар робита ба ин, ба зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон аз шаклҳо ва зуҳуроти коррупсия, роҳҳои пешгирии он ва оқибатҳои ҳуқуқии чунин амалҳо таъкид карда шуд.
Дар идомаи машғулият инчунин доир ба риояи меъёрҳои одоби касбӣ, муносибати масъулона бо ваколатҳои хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ташкилот, инчунин пешгирии ҳолатҳое, ки метавонанд ба эътимоди ҷомеа таъсири манфӣ расонанд, табодули назар сурат гирифт. Таъкид шуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи танҳо сохторҳои масъул набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин раванд, ҳар шаҳрванд дар доираи салоҳияти худ бояд ба риояи қонунгузорӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии давлату ҷомеа муносибати масъулона дошта бошад.
Дар ин замина, ташаккули муҳити кории солим, ки ба қонуният, шаффофият, беғаразӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию касбӣ асос ёфтааст, яке аз омилҳои муҳимми пешгирӣ аз коррупсия арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии кормандон, таҳкими мавқеи зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ташаккули муҳити шаффофу масъулиятнок дар фаъолияти корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 110
09.10.2026