Ахбор

Баррасии самтҳои ҳамкорӣ дар мулоқот бо роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор


Дар ҳошияи Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд, 13 октябри соли 2026, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва вазири молияии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода нахуст бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли, сипас бо директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур мулоқот намуданд. 

Хабари_2_01.jpg  

Дар мулоқот бо муовини директори иҷроияи ХБА ҷаноби Бо Ли натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки идомаи ислоҳоти иқтисодию молиявӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои такмили сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори асъор, таҳкими назорат ва танзими фаъолияти бонкӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини амнияти кибериро муҳокима намуданд.

Хабари_2_02.jpg  

Дар мулоқот бо директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва такмили сиёсати пулию қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди таҳлил ва пешгӯии макроиқтисодӣ, такмили воситаҳои арзёбии хавфҳои низомӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва рақамикунонии ҳисоботу таҳлил дар бахши молиявӣ табодули назар карданд.

Дар анҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории судманд омодагӣ изҳор намуда, аҳаммияти дастгирии техникию машваратии ХБА-ро дар самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодию молиявӣ таъкид карданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 48

13.10.2026

Возврат к списку