Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқу мувофиқасозӣ, қабули огоҳинома ба ширкати Мастеркард Мидл Ист Африка ФЗ–ЛЛС (Mastercard Middle East
FZ-LLC) ҷиҳати анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтии “Mastercard” иҷозатнома дода шуд.

Амали Иҷозатномаи Мастеркард Европа СА (Mastercard Europa SA), барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №147 аз 12 октябри соли 2021 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Шуъбаи матбуот

 



Telegram  Facebook

Диданд: 3

13.10.2026

Возврат к списку