Ахбор

Рушди бахши молиявӣ дар меҳвари мулоқот бо роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ


13 октябр дар мулоқоти маҷозии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав бо ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани масъалаҳои гуногуни иқтисодиву молиявӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар, тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои молияи сабз ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.

Антонела (1).jpg

Антонела (2).jpg

Дар мулоқот инчунин ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Лоиҳаи рушди бахши молиявӣ ва бахши хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Барномаи нави шарикии кишварии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2026–2032 муҳокима гардид.

Худи ҳамин рӯз, дар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори иҷроияи амалиётии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде, ки дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои густариши ҳамкории муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтории кишвар, инчунин таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон дар доираи Барномаи нави шарикии кишварии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд

photo_2026-10-13_17-11-51.jpg

Қайд карда шуд, ки рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, тавсеаи пардохтҳои фаромарзӣ, пешбурди молияи сабз ва таҳкими устувории низоми бонкӣ аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодию молиявӣ ба шумор мераванд.

photo_2026-10-13_17-11-40.jpg

Дар маҷмуъ, мулоқотҳо ба баррасии масъалаҳои васеи бахши молиявӣ равона гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ изҳор намуданд.

Шуъбаи матбуот


 

 


Telegram  Facebook

Диданд: 36

13.10.2026

Возврат к списку