Ахбор

Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ


14 октябри соли 2026 дар шаҳри Бангкок мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Имад Фахурӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди бахши молиявӣ, беҳтар намудани дастрасии соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои инноватсионии молиявиро баррасӣ намуданд.

photo_2026-10-14_12-16-02.jpg  

Ҳайати Тоҷикистон аз натиҷаҳои ҳамкориҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи лоиҳаҳои маблағгузорӣ дар асоси дороиҳо ва рушди инноватсияҳо дар бахши молиявии Осиёи Марказӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои факторинг ва факторинги баръакс, инчунин таъсиси платформаи миллии электронии маблағгузорӣ иброз дошт.

IFC.jpg

Зимни мулоқот, инчунин масъалаҳои рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои фаврӣ, такмили танзими пули электронӣ ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи хизматрасониҳои пардохтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав намояндагӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 61

14.10.2026

Возврат к списку