15 октябри соли 2026 дар доираи Ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Таиланд ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таконҳои иқтисодӣ, номуайяниҳо ва сиёсати пулию қарзӣ» (Shocks, Uncertainty, and Monetary Policy) баргузор гардид, ки дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа таъсири таконҳои иқтисодӣ ва хавфҳои геосиёсӣ ба суботи макроиқтисодӣ, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу маҳсулот, аз ҷумла нафт, сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин роҳҳои татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ дар шароити номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба таъсири эҳтимолии технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба рушди иқтисодӣ, сатҳи таваррум ва бозори меҳнат мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни суханронӣ таҷрибаи кишварро дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини суботи макроиқтисодӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, ба таъсири тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, хароҷоти нақлиёту логистика ва вазъи иқтисодии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки дар шароити номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ арзёбии хусусият ва давомнокии таконҳои иқтисодӣ, инчунин муайян намудани таъсири онҳо ба сатҳи таваррум барои қабули қарорҳои асосноки сиёсати пулию қарзӣ муҳим мебошад. Дар ин замина, зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, мониторинги хавфҳои эҳтимолӣ ва нигоҳ доштани чандирии сиёсати пулию қарзӣ зикр гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин ба аҳаммияти шаффофият ва муоширати муассири бонкҳои марказӣ бо ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки шарҳи саривақтии қарорҳои сиёсати пулию қарзӣ ва омилҳои таъсиррасон ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои иқтисодӣ ба сиёсати пешгирифтаи бонкҳои марказӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 27
15.10.2026