Ахбор

Намояндагони низоми бонкӣ дар озмуни «Соҳибкори сол – 2026» сазовори ҷоиза гардиданд


14 октябри соли 2026 дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар баргузор гардид.

ориёнбонк 2222.jpg

Сарвари давлат соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон табрик гуфта, саҳми онҳоро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар доираи Форум маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» низ баргузор гардид. Озмуни мазкур ба ҳавасмандгардонии ташаббусҳои муваффақи соҳибкорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ ва эътирофи саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудааст.

845731886_1548432167325424_5843878746122640093_n.jpg

847802397_1645265234063500_1036608692003858932_n.jpg

Ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои соҳавӣ, аз ҷумла бонкдорӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасонӣ барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди миллӣ қадрдонӣ гардиданд.

847183836_122140635267390062_1924559881030864066_n.jpg

Дар номинатсияи «Бонкдорӣ» ҷойи аввал ба ҶСК «Ориёнбонк», ҷойи дуюм ба ҶСК «Бонки Эсхата» ва ҷойи сеюм ба КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дода шуд. Ҳамчунин, дар номинатсияи «Рақамикунонӣ» ҶСК «Алиф Бонк» сазовори ҷойи аввал гардид.

Қобили зикр аст, ки 10 сентябри соли 2026 дар маросими ҷоизасупории “Euromoney Awards for Excellence” барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Сингапур баргузор гардид, ҶСК «Ориёнбонк» ҳамчун нахустин бонки тоҷикистонӣ ба гирифтани ҷоизаи «Беҳтарин бонки Тоҷикистон барои муштариёни корпоративӣ дар соли 2026» мушарраф гардид.

Ин дастовардҳо аз рушди низоми бонкии кишвар, тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ ва саҳми ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар дастгирии соҳибкорӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1

14.10.2026

Возврат к списку