Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 август то 18 октябри соли 2026 мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Бонки миллии Тоҷикистон» байни кормандони ташкилотҳои қарзии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он Бонки миллии Тоҷикистон сарпарасти мусобиқа буд.
Дар мусобиқа 15 даста иштирок намуда, дар марҳилаи ниҳоӣ, ки дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, дастаҳои «Хумо Бонк» ва «Бонки Эсхата» барои ҷойи сеюм ва дастаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва «Ориёнбонк» барои дарёфти ҷоми мусобиқа қувваозмоӣ намуданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Хумо Бонк» бо ҳисоби 7:1 бар «Бонки Эсхата» ғолиб омад. Дар бозии ниҳоӣ бошад, дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бар дастаи «Ориёнбонк» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа ва барандаи «Ҷоми Бонки миллии Тоҷикистон» гардид.
Ҳамин тариқ, ҷойи аввал насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи «Ориёнбонк» ва ҷойи сеюм насиби дастаи «Хумо Бонк» гардид.
Баргузории мусобиқаҳои мазкур ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкорию дӯстӣ байни кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар нигаронида шудааст.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 73
19.10.2026