Бо мақсади рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва фароҳам овардани дастрасии осон ба маҳсулоти нумизматикӣ ва сармоягузорӣ Бонки миллии Тоҷикистон саҳифаи мағозаи интернетии худро бо нишонии https://coins.nbt.tj ба истифода дод.
Тавассути ин платформа шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд ба таври фосилавӣ тангаҳои ҷашниву хотиравӣ ва сармоягузорӣ, инчунин сабикаҳои ченакии тиллоии Бонки миллии Тоҷикистонро интихоб ва фармоиш диҳанд. Дар сомона маълумоти муфассал оид ба хусусиятҳои техникӣ, вазн, иёр ва арзиши маҳсулот ҷойгир гардида, раванди интихоб ва фармоиш содда ва шаффоф ба роҳ монда шудааст
Ифтитоҳи мағозаи интернетӣ дар доираи татбиқи сиёсати рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, сарфаи вақти мизоҷон ва таъмини дастрасии баробар ба маҳсулоти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши инфрасохтори рақамӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
20.10.2026