Рӯзҳои 22–23 октябри соли 2026 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон «Маҷмааи Хуталон» вохӯрии минтақавии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба рушди низомҳои пардохтӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарон ва мутахассисони соҳавии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмараи рушди инфрасохтори пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ дар минтақа муҳокимаронӣ намуданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии дастовардҳо ва муайян намудани роҳҳои муштараки такмили низомҳои пардохтӣ, инчунин таҳкими робитаҳои касбӣ миёни бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни вохӯрии дурӯза иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои рушди инфрасохтори миллии пардохтӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии молиявӣ, тамоюлҳои муосири соҳа, пешгирии қаллобӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои кибериро баррасӣ намуда, таҷрибаи кишварҳои худро дар ин самт муаррифӣ карданд.
Ҳамзамон, доир ба имкониятҳои густариши ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати ташаккули инфрасохтори муосиру боэътимоди пардохтӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисон табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
23.10.2026