26 октябри соли 2026 бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба ташхиси макроиқтисодӣ оғоз гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода зимни ифтитоҳи семинар намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои давлатиро хайрамақдам гуфта, ба ҳайати Маркази минтақавии ХБА барои ҳамкории пайваста дар самти рушди иқтидори касбии мутахассисон изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши номуайяниҳо таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои макроиқтисодӣ, пешгӯии дақиқ ва сари вақт муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ барои қабули қарорҳои асосноки сиёсати иқтисодӣ аҳаммияти муҳим доранд. Дар ин замина, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва такмили донишу таҷрибаи касбии мутахассисон аз самтҳои асосии ҳамкории БМТ бо ХБА ба ҳисоб меравад.
Семинар аз 26 то 30 октябри соли 2026 идома ёфта, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳосилнокӣ, таваррум, сиёсати пулию қарзӣ ва молиявӣ, қарзи давлатӣ, вазъи бахши беруна ва хавфҳои иқтисодиро фаро мегирад. Ҳамчунин, машғулиятҳои амалӣ ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ барои табодули таҷриба ва истифодаи усулҳои муосири таҳлили макроиқтисодӣ дар фаъолияти касбии иштирокдорон пешбинӣ шудаанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 7
27.10.2026