Ахбор

Баррасии масъалаҳои рушди бахши молиявӣ бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд


27 октябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР ҷаноби Маттео Патроне мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусиро баррасӣ карданд.

 NBTL6593.JPG

Таваҷҷуҳи махсус ба такмили низоми суғурта, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, рушди маблағгузории устувор ва дастгирии лоиҳаҳои сабз зоҳир гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин рушди механизмҳои тақсими хавфҳоро ҳамчун воситаи тавсеаи қарздиҳӣ ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон, бахусус субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба маблағгузории дарозмуҳлат баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи чунин механизмҳо метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намояд.

NBTL6785.JPG  

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои таҳкими назорати дохилӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо ва риояи талаботи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои судманд дар самти таҳкими устувории низоми молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 143

27.10.2026

Возврат к списку