Ахбор

Сомонӣ — пуле, ки таъриху давлатдориро ба ҳам мепайвандад


1. Роҳи ташаккули пули миллӣ 

     Санаи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» ба имзо расид ва аз 30 октябри соли 2000 банкнотаҳои сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд. Ин рӯйдод марҳилаи нави ташаккули низоми мустақили пулӣ ва таҳкими истиқлолияти молиявии кишварро оғоз бахшид.

     Як сомонӣ ба 100 дирам баробар буда, дар ибтидо банкнотаҳои коғазии 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ, инчунин номиналҳои хурди пули миллӣ 1, 5, 20 ва 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

сомонӣ 2.jpg

     Аз 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ, инчунин 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам ба муомилот ворид гардиданд. Баъдан, аз 10 сентябри соли 2010 бо назардошти талаботи муомилоти пулӣ банкнотаҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ низ ба гардиш бароварда шуданд.

2. Номи сомонӣ аз таърихи давлатдорӣ сарчашма мегирад

     Интихоби номи «сомонӣ» дар номгузорӣ тасодуфӣ нест. Давлати Сомониён дар асрҳои IX–X яке аз аввалин давлатҳои мутамаркази тоҷикон ба шумор мерафт. Дар он давра дар беш аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо фаъолият мекарданд. Дирҳамҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди давлати Сомониён, балки дар сарзаминҳои Ҳиндустон, Эрон, Чин, Қошғар, Рум ва кишварҳои араб низ дар муомилот қарор доштанд.

     Сомонӣ пайванди мустақими пули миллии имрӯзаро бо таърихи давлатдорӣ, анъанаҳои иқтисодӣ ва фарҳанги ниёгон инъикос менамояд.

дирам.jpg

3. Сомонӣ — рамзи соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ

     Пули миллӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатдорӣ ва арзиши миллӣ ҳисобида мешавад. Мавҷудияти пули миллӣ ҳамзамон чанд маънои муҳимро ифода менамояд:

  • рамзи истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ;
  • воситаи татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ;
  • инъикосгари таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон.

сомонӣ.jpg

     Аз ин рӯ, эҳтиром ба пули миллӣ нишонаи эҳтиром ба давлат, миллат ва Истиқлоли давлатӣ мебошад.

4. Шахсиятҳои таърихӣ ва ёдгориҳои миллӣ дар сомонӣ

     Дар банкнотаҳои сомонӣ симои шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик — Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Бобоҷон Ғафуров, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой дода шудааст.

     Дар тарафи дигари банкнотаҳо ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иншооти муҳимми кишвар, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри Наврӯз ва Қасри миллат тасвир шудаанд.

     Пули миллӣ дар давоми 26 соли муомилот ба яке аз рамзҳои шинохтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфта, банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд. Ҳар як банкнота саҳифаи хурди таърихи миллатро дар худ таҷассум намуда, робитаи наслҳои имрӯзаро бо мероси ғании ниёгон нигоҳ медорад.

5. Сомонӣ бо унсурҳои муосири ҳимоявӣ таъмин аст

     Банкнотаҳои сомонӣ бо мақсади пешгирӣ аз сохтакорӣ ва таъмини эътимоднокӣ дорои унсурҳои гуногуни ҳимоявӣ мебошанд. Маҷмуъ ва тарзи истифодаи онҳо вобаста ба намуна ва соли барориши банкнотаҳо фарқ мекунад. Аз унсурҳои асосии ҳимоявии банкнотаҳои сомонӣ инҳоро метавон ном бурд:

  • нишонаи обӣ — тасвири бисёртобишаи шахсияти дар рӯи банкнота инъикосёфта, ки ҳангоми ба рӯшноӣ нигоҳ доштан намоён мешавад;
  • риштаи ҳимоявӣ — унсури махсуси дохили коғази пул, ки вобаста ба намунаи банкнота метавонад ҳангоми ба рӯшноӣ ё тағйир додани кунҷи биниш намоён гардад;
  • резанавишт — навиштаҳои хеле хурд ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунанд;
  • унсурҳои чопию нақшкӯб — нақшу тасвирҳое, ки ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш хусусиятҳои гуногуни оптикиро нишон дода, нусхабардории қалбакиро душвор мегардонанд;
  • тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда — унсурҳое, ки ҳангоми ба рӯшноӣ нигоҳ доштан ба ҳам пайваста, тасвири ягона, аз ҷумла нишони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;
  • кинеграмма ва голограмма — унсурҳои оптикӣ, ки вобаста ба кунҷи рӯшноӣ тасвир ва рангҳои гуногунро инъикос мекунанд;
  • аломати барҷаста барои шахсони нобино, унсуре, ки бо ламс ҳис карда мешавад;
  • ҳимояи магнитӣ — хусусияти махсуси рақами силсилавии банкнота, ки барои санҷиши аслияти он истифода мешавад;
  • рангҳои ҷилодор, ки ҳангоми тағйир додани кунҷи биниш ранг иваз мекунад;

сомонӣ 1.jpg

     Дар банкнотаҳои муосири сомонӣ технологияҳои махсуси ҳимоявии RollingStar®, LEAD® ва PEAK® Dynamic истифода шудааст. Ин технологияҳо имконияти шинохти банкнотаҳои аслӣ ва пешгирии сохтакории онҳоро тақвият медиҳанд.

6. Андозаи банкнотаҳо

Номинал

Барориши соли 1999-2010

Барориши соли 2017-2018

Барориши соли 2021

1 сомонӣ

141 × 65 мм

 

 

3 сомонӣ

141 × 65 мм

 

 

5 сомонӣ

144 × 65 мм

 

 

10 сомонӣ

147 × 65 мм

147 × 65 мм

147 × 65 мм

20 сомонӣ

150 × 65 мм

150 × 65 мм

150 × 65 мм

50 сомонӣ

153 × 65 мм

153 × 65 мм

153 × 65 мм

100 сомонӣ

156 × 65 мм

156 × 65 мм

156 × 65 мм

200 сомонӣ

159 × 68 мм

159 × 65 мм

159 × 65 мм

500 сомонӣ

162 × 71 мм

162 × 65 мм

162 × 65 мм

 7. Тағйири таркиби коғази пул

     Бо мақсади такмили сифати банкнотаҳо ва баланд бардоштани сатҳи ҳимояи онҳо технологияҳои нави истеҳсолӣ истифода мешаванд. Банкнотаҳои сомонии намунаи соли 2021 аз маводи таркибӣ иборат буда, 80 фоизи онро нахи пахта ва 20 фоизи онро маводи полимерӣ ташкил медиҳад. Дар онҳо унсурҳои гуногуни ҳимоявӣ истифода шуда, дар таркиби коғази банкнотаҳо нахҳои махсуси ҳимоявӣ низ мавҷуданд, ки зери шуоъҳои ултрабунафш бо рангҳои сурх, кабуд ва сабз намоён мешаванд. Истифодаи чунин технология ба баланд бардоштани устувории банкнотаҳо, беҳтар намудани хусусиятҳои ҳимоявӣ ва душвортар гардонидани сохтакории онҳо равона шудааст.

8. Тангаҳои Тоҷикистон ва мероси қадимаи сикказанӣ

     Миллати тоҷик дорои анъанаҳои қадимаи сикказанӣ мебошанд. Қадимтарин тангаҳои дар қаламрави имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтшуда ба асрҳои VI–V пеш аз милод тааллуқ доранд.

     Дар давраи Сомониён ҳунари сикказанӣ ба рушди назаррас дошт. Дар ҳудуди давлати Сомониён то 30 маркази сикказанӣ фаъолият мекард. Ин далел аз нақши муҳимми минтақаҳои тоҷикнишин дар рушди савдо ва муомилоти пулӣ шаҳодат медиҳад.

     Имрӯзҳо тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 1, 2, 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам, инчунин 1, 3 ва 5 сомонӣ дар муомилот қарор доранд.

     Тангаҳои 1, 3 ва 5 сомонӣ аз хӯлаи махсуси филизӣ — нейзилбер сохта шуда, дар ороиши онҳо унсурҳои нақшу нигори миллӣ истифода бурда шудааст.

somoni1.jpg

9. Чаро соли 2010 номиналҳои нави пулӣ пайдо шуданд?

     Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон банкнотаҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард. Ин иқдом бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ, кам кардани хароҷоти чоп, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилии кишвар амалӣ гардид. Чопи номиналҳои нави пулӣ интихоби воситаҳои пардохтро васеъ намуда, барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ шароити муносиб фароҳам овард.

10. Пули миллӣ ҳамчун воситаи сиёсати иқтисодӣ

     Ба муомилот баровардани пули миллӣ - сомонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки низоми мустақили пулӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро роҳандозӣ кунад. Сомонӣ барои татбиқи сиёсати иқтисодии давлат замина фароҳам оварда, ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки дар доираи ваколатҳои қонунӣ самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва танзими низоми бонкиро дар самтҳои зерин амалӣ намояд:

  • танзими ҳаҷми пул дар муомилот;
  • сиёсати зиддитаваррумӣ ва нигоҳ доштани устувории нархҳо;
  • таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ;
  • ташкили самараноки ҳисоббаробаркуниҳои дохилӣ;
  • таҳкими эътимод ба низоми молиявии миллӣ;
  • фароҳам овардани замина барои рушди иқтисоди миллӣ.

Аз ин нуқтаи назар, сомонӣ на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ, балки яке аз воситаҳои асосии татбиқи сиёсати мустақили иқтисодӣ ва пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 49

30.10.2026

Возврат к списку