Санаи 30 октябри соли 2026, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 дар ноҳияи Рӯдакӣ фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш, ки дар толори Қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд, муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Аҳлиддин ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳакимзода Абдураҳмон доир ба аҳаммияти маърифати молиявии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дониш ва фарогирии васеъи молиявӣ аз омилҳои муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи ҳамоиш мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокдорони фестивал доир ба мавзуъҳои рӯзмараи низоми молиявӣ, аз ҷумла “Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо”, "Нақши пасандозҳои аҳолӣ дар рушди иқтисоди миллӣ”, “Суғуртаи ҳаёт – ҳимояи фардои оила”, “Пули миллӣ ва пайдоиши он” ва “Банақшагирии буҷети оила ва муҳиммияти пасандозгузорӣ” маълумот ва рунамоҳо пешниҳод намуда, дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ маслиҳату машваратҳо доданд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин дар мавзуъҳои пули миллӣ, воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, муҳиммияти пасандозгузорӣ, ҳифз аз қаллобони молиявӣ ва асосҳои саводнокии молиявӣ викторинаҳо гузаронида шуда, иштирокдорони фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамоиши мазкур 700 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, занону ҷавонон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар қисмати дигари фестивал, ки дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия гузашт, намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор гардид. Дар он 41 ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ хизматрасонӣ ва маҳсулоти молиявии худро муаррифӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо ба баланд гардидани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хизматрасониҳои молиявӣ, густариши рақобати солим байни иштирокдорони бозор ва беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.
Дар қисмати фарҳангии фестивал низ барои иштирокдорон, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва калонсолон викторинаҳои шавқовар оид ба маърифати молиявӣ ташкил карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи қисматҳои фестивали саводнокии молиявӣ зиёда аз 4000 нафар сокинон ва меҳмонони ноҳияи Рӯдакӣ иштирок доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 92
30.10.2026