30 октябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Габриел Ивон Акимова вохӯрӣ анҷом дод. Дар оғози мулоқот Фирдавс Толибзода хонум Габриел Ивон Акимоваро ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи роҳбарии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон табрик намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон, рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва омода намудани онҳо ба бозори меҳнатро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ташаббусҳои ЮНИСЕФ метавонанд, бо фарогирии омӯзиши дониш ва малакаҳои амалии молиявӣ, боз ҳам такмил дода шаванд. Дар ин замина, зарурати ҷалби коршиносон ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо вазорату идораҳои дахлдор таъкид гардид.
Дар мулоқот инчунин ба масъалаҳои рушди саводнокии молиявии рақамӣ, истифодаи бехатару масъулонаи хизматрасониҳои молиявӣ, ҷалби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба барномаҳои омӯзишии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 64
30.10.2026