5 ноябри соли 2026 ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аҳли нишастро ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ табрик намуда, нақши Конститутсияро дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро муайян кардааст. Ин санади сарнавиштсоз инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи устувор гузошт.
Дар ҷамъомад ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, ҷонибдории ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ҳамчун намунаи иштироки фаъоли кишвар дар пешбурди ин арзишҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ зикр карда шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия барои ташаккул ва рушди низоми бонкии муосири кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва институсионалӣ фароҳам оварданд. Дар ин замина, таъсиси Бонки миллии Тоҷикистон, гузаронидани ислоҳоти пулӣ, ташаккули низоми мустақили бонкӣ ва ҳамгироии он ба низоми молиявии байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол арзёбӣ шуданд.
Ҳамчунин, оид ба нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳ доштани суботи нархҳо, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул ва таҳкими устувории низоми бонкӣ сухан гуфта шуда, қайд гардид, ки фаъолияти минбаъдаи низоми бонкӣ бояд ба талаботи замон, меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳадафҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ мутобиқ бошад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода ва намояндагони Шурои ҷавонони бонк оид ба таърих, аҳаммият ва нақши Конститутсия дар ҳаёти давлату ҷомеа суханронӣ намуда, порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Дар анҷоми ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар кормандонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки риояи муқаррароти Конститутсия, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бояд сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар бошад. Ӯ изҳори итминон кард, ки кормандони соҳа дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқона дар рушди низоми бонкӣ ва пешрафти устувори иқтисодию молиявии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1
05.11.2026