16 ноябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоишро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ифтитоҳ намуда, аҳли ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои давлатдории миллӣ, шакли идораи президентӣ ва таҳкими пояҳои конститутсионии давлат алоқамандии мустақим дорад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, арзёбии асосҳои конститутсионии давлатдорӣ ва эътирофи мақому нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ мебошад, — иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Дар идомаи суханронӣ ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи навини Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои аввали Истиқлол барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими давлатдории миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд.
Дар ин замина, талошҳои сулҳофарӣ ва сиёсати ба таъмини сулҳу субот равонашуда Роҳбари давлат барои барқарории фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа замина гузошт. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар навбати худ барои татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули ниҳодҳои муосири давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Таъкид гардид, ки рушди устувори иқтисодӣ ва низоми молиявӣ бидуни муҳити мусоиди сиёсӣ имконнопазир аст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми бонкии Тоҷикистон низ марҳилаҳои муҳимми ташаккул ва рушди худро паси сар намуд. Ташаккули низоми муосири бонкдорӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, такмили низоми назорати бонкӣ ва густариши хизматрасониҳои молиявӣ аз самтҳои асосии ин раванд ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи ҳамоиш ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ мавриди зикр қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ташаббуси «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ҳамчун намунаи иштироки фаъоли Тоҷикистон дар равандҳои байналмилалӣ қайд гардид.
Дар идомаи чорабинӣ шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар бораи нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди давлатдорӣ андешаҳои худро баён намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки таърихи навини давлати тоҷикон бо ному пайкори созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз хираду дурандешӣ ва ҷасорати бемисли ӯ Тоҷикистонро ба кишвари ободу пешрафта ва дар арсаи ҷаҳон соҳибэҳтиром табдил дод.
Қироати шеърҳои тозаэҷод ва ватандӯстонаи шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва баромади намояндагони Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон ба чорабинӣ мазмуни фарҳангиву маърифатӣ бахшид.
Дар фарҷоми ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирокдорони ҳамоишро ба меҳнат ва фаъолияти созанда даъват намуда, қайд кард, ки дар марҳилаи минбаъдаи рушди иқтисоди миллӣ низ бояд барои таҳкими низоми молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ саҳми арзанда гузошт.
Итминони комил дорам, ки кормандони низоми бонкии мамлакат минбаъд низ дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои истиқболи сазовори 40-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешрафти босуботи соҳаи бонкдорӣ ва боз ҳам баланд бардоштани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд, — изҳор дошт Фирдавс Толибзода.
Диданд: 22
16.11.2026