Ахбор

Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Душанбе


Д

ар ҳошияи 45-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО), ки рӯзҳои 16-20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории кишварҳои аъзои ГАО кори худро оғоз намуданд.

сурати ДММ (3).jpg  

Аз ҷумла, 16 ноябри соли 2026 ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии мутақобила ва масъалаҳои ҳуқуқӣ (РГОП), Гурӯҳи корӣ оид ба мусоидати техникӣ (РГТС) ва Гурӯҳи корӣ оид ба типологияҳо ва мубориза бо маблағгузории терроризм (РГТИП) баргузор гардиданд.

сурати ДММ (1).jpg

Дар ҷараёни ҷаласаҳо иштирокдорон масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои ГАО дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаласаҳои мазкур ба таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои ГАО ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самти МҚД/МТ нигаронида шудаанд.

сурати ДММ (2).jpg

Қобили қайд аст, ки ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавии татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ буда соли 2004 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии Гурӯҳи мазкур мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа мебошад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2

16.11.2026

Возврат к списку