Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти танзим ва назорати бонкӣ, инчунин истифодаи таҷриба ва стандартҳои пешқадами байналмилалӣ, Бонки миллии Тоҷикистон пас аз анҷоми як қатор музокирот бо Котиботи Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел (Basel Consultative Group, BCG) шомил гардид.
Гурӯҳи машваратии Базел майдони ҳамкорӣ байни Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ ва мақоми танзим ва назорати бонкии кишварҳои ғайриузви Кумита буда, ҳадафи он тақвияти муколамаи васеи касбӣ оид ба масъалаҳои муҳимми танзим ва назорати бонкӣ мебошад.
Дар фаъолияти Гурӯҳ намояндагони бонкҳои марказӣ, мақомоти танзим ва назорати бонкӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои минтақавии мақомоти назоратӣ иштирок менамоянд.
Шомил гардидан ба Гурӯҳи машваратии Базел барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба имкониятҳои нав фароҳам оварда, ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи ташаббусҳои нави Кумитаи Базел ва пешниҳоди мавқеи коршиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳияи ташаббусҳо заминаи мусоид мегузорад.
Иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар фаъолияти Гурӯҳи машваратии Базел ба такмили минбаъдаи низоми миллии танзим ва назорати бонкӣ, таҳкими устувории низоми бонкӣ ва татбиқи марҳилавии стандартҳои байналмилалии Базел бо назардошти хусусиятҳои низоми молиявии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Маълумоти муфассал: https://www.bis.org/committees/bcbs/governance
Диданд: 1
18.11.2026