Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, аз 16 то 20 ноябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафтаи бехатарии молиявӣ баргузор гардид.
Ҳафтаи бехатарии молиявӣ бори аввал дар кишвар дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон доир гардида, ташаббуси мазкур дар ҳамкорӣ бо департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия, Маркази омодагии байниолимпиадавии хонандагон ва донишҷӯёни Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви Академияи илмҳои Россия, Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва дастгирии вазоратҳои соҳавии маорифи Тоҷикистон ва Россия амалӣ карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Алексей Золотухин, директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия Юрий Чиханчин ва директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев ва суханронӣ намуданд.
Ҳафтаи бехатарии молиявӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии насли наврас ва ҷавон, пешгирии ҷалби онҳо ба амалҳои қаллобӣ ва таъмини истифодаи бехатари воситаҳои рақамӣ равона гардид. Дар доираи чорабинӣ машғулиятҳои омӯзишӣ ва амалӣ баргузор гардида, ба иштирокдорон имкон фароҳам оварданд, ки донишу малакаҳои худро такмил дода, бо мутахассисон ва омӯзгорон табодули таҷриба намоянд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар самти маърифатнокии молиявӣ, рушди иқтидори касбии ҷавонон ва тарбияи насли огоҳу масъулиятшинос дар масъалаҳои бехатарии молиявӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабиниҳои ҳафтаи пленарии ГАО намояндагони давлатҳои аъзо, инчунин ҳайатҳои нозирон ва меҳмонони даъватшуда, аз ҷумла Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), Бонки нави рушд, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Бонки Ҷаҳонӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкории Шанхай, Сербия, Мадагаскар, Туркия ва Озарбойҷон иштирок доштанд.
Диданд: 1
20.11.2026